ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Дар Душанбе бо дастгирии ИМА Маркази мубориза зидди одамрабоӣ ба кор шурӯъ намуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ВКД ҶТ.
Дар маросими ифтитоҳи Марказ вазири корҳои дохилии ҶТ Рамазон Раҳимзода ва сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард ширкат варзиданд.
"Кушодашавии Маркази зидди одамрабоӣ дастоварди хубе дар мубориза зиди ҷинояти ғайриқонуни одамфурӯшӣ ба ҳисоб меравад",- хабар медиҳад Раҳимзода.
Дар навбати худ Элизабет Миллард нақши муҳими ВКД дар мубориза зидди одамрабоӣ қайд намуд, ки фаъолияти дигар соҳаҳоро дар ин соҳа ҳамоҳанг мегардонад.
Тарафҳо ба якдигар барои ҳамкории самарабахш изҳори миннатдорӣ баён намуда, изҳор доштанд, ки дар оянда ҳамкории хешро давом хоҳанд дод.
Дар Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аввалин давлатест, ки соли 2004 Қонун "Зидди муборизаи фурӯши одамон"-ро қабул кард. Баъд аз даҳ сол қонуни нав "Дар бораи мубориза зидди одамрабоӣ ва дастгирӣ намудани одамони қурбони одамрфурӯшигашта " қабул гардид. Барои ин намуди ҷиноят аз ҳама ҷазои сахт пешбинӣ карда шудааст.
Ташкилоти байнналмиллалии муҳоҷират моҳи июни ҳамин сол хабар додааст, ки 11 соли ахир 700 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки қисми зиёди онҳо духтарон ва занон мебошанд, дар ҷинояти одамфурӯшӣ қурбон гардиданд. Бо ҳисоби миёна ҳамасола 63 нафар истиқоматкунандагони Тоҷикистон қурбони одамфурӯши мегарданд. Мувофиқи маълумотҳои ВКД соли гузашта дар Тоҷикистон 28 парвандаи ҷиноӣ, ки бо фурӯши одамон марбут аст, кушода шуда, 22 нафар ҳукми суд гирифтаанд.