“Тоҷиксодиротбонк” амалиёти интиқоли маблағҳоро барқарор кард

© Sputnik / Игорь Лекаркин"Тоҷиксодиротбонк". Акс аз бойгонӣ
Тоҷиксодиротбонк. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
“Тоҷиксодиротбонк” муддати тӯлонист, ки дар мушкилии молии қарор дорад. Истиқоматкунандагони Тоҷикистон шикоят мебурданд, ки аз шӯъбаҳои бонк маблағи хешро гирифта наметавонанд.

ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Рҳбарияти муваққатии "Тоҷиксодиротбонк"аз 1-уми сентябр сар карда дар барқарор намудани амалиётҳои бонкии хеш якқатор чораҳо андешид, омадааст дар сомонаи бонк.

"Аз 1-уми сентябр амалиётҳои интиқоли маблағ дар флиалҳои бонкӣ барқарор карда шудаанд",-омадааст дар хабар.

Акнун мизоҷонметавонанд  дар асоси имкониятҳои бонк маблағҳои аз хориҷи кишвар интиқол гардидаро тариқи системаҳои зерин ба даст оранд: "Золотая Корона", "Контакт", "Юнистрим", Western Union, Interexpress, Caspian Money Transfer".

Бинои Бонки милии Тоыикистон - Sputnik Тоҷикистон
Хазинаи байналмилалии асъор метавонад “Тоҷиксодиротбонк”-ро наҷот диҳад

Хотиррасон мекунем, ки "Тоҷиксодиротбонк" муддати тӯлонист, ки дар ҳолаи мушкили молӣ қарор дорад. Истиқоматкунандагони Тоҷикистон шикоят мебурданд, ки маблағи худро аз шӯъбаҳои ин бонк гирифта наметавонанд.

Пештар коршиносон қайд карда буданд, ки сабаби мушкилиҳои молӣ дар бонкҳои Тоҷикистон дар коҳиш ёфтани интиқоли маблағҳо аз тарафи муҳоҷирони меҳнатии  тоҷик дар Русия ва Украина мебошад.

Ҳукумати кишвар якчанд маротиба барои кӯмак ба институтҳои байналмиллалии молӣ муроҷиат карда буд. Аз ҷумла ба Бонки аврупоии таҷдид ва рушд пешниҳод карда шуда буд, ки саҳмияҳои бонки мазкурро харидорӣ намоянд. Ғайр аз БАТР ҳукумати Тоҷикистон барои кӯмак ба Хазинаи байналмиллалии асъор низ муроҷиат кадааст.

Муовини аввали Бонки милии Тоҷикистон Ҷамолидиин Нуралиев дар ҳини  мусоҳиба хеш бо маҷаллаи Financial Times иброз намуда буд, ки барои баромадан аз бӯҳрони молӣ аз ташкилотҳои байналмиллалии молӣ кӯмак мепурсад.

"Тоҷикистон маҷбур аст, ки аз Хазинаи байналмиллалии асъор(ХБА) барои барқарор намудани иқтисодиёташ 500 млн доллар маблағ пурсад",- гуфтааст ӯ дар мусоҳибааш моҳи феврали соли 2016 ба Financial Times.

 

Лентаи хабарҳо
0