ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Хадамоти матбуоти Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ба мақомоти милитсия марди 67-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ дар он хусус муроҷиат намудааст, ки шаби 29 ба 30-юми августи соли равон аз ҷониби шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили оғилхонааш 1 сар чорвои калони шохдор, ки арзишаш 8000-сомонӣ мебошад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар робита ба дуздии мазкур кормандони милитсия марди 29-солаи сокини ноҳияи зикргардидаро дастгир намуданд.
Оид ба ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ давом дорад.