Шаҳрвандони Олмон, Итолиё ва Фаронса аз системаи маорифи худ розӣ нестанд

© AFP 2023 / IROZ GAIZKAТалабагони кишвари Фаронса. Акс аз бойгонӣ
Талабагони кишвари Фаронса. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Системаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи ин кишварҳо қисми зиёди аҳолии се кишвари аврупоиро,махсусан шаҳрвандони синну солашон аз 35 болоро қаноатманд намекунад.

ДУШАНБЕ, 1 сентября, Sputnik. Мувофиқи, қисими зиёди аҳолии Итолиё(64%), Фаронса(62%) ва Олмон(54%) аз системаи таълими ибтидоӣ ва миёнаи кишвари хеш розӣ нетсанд. Фақат 28% фаронсавиҳо, 31% итоляниҳо ва 41% олмониҳо аз системаи маорифи хеш розиянд.

Фоизи онҳое, ки ба пурсиш ҷавоб дода натавонистанд дар Фаронса 8%, дар Олмон ва Итолиё 5%-ро ташкил намуд. Маълумотҳои дар натиҷаи пурсиш ба даст овардашуда, ки аз тарафи ширкати тадқиқотии Ifop гузаронида шудааст, мувофиқи фармоиши оҷонсии иттилоотӣ ва радиои Sputnik. ба даст оварда шуд.

Дар Итолиё шумораи нафарони норозӣ аз системаи таълими ибтидоӣ ва миёна ҳам дар шаҳрвандони синну солашон аз 18 то 34 сола боло калон аст- 62% норозӣ зидди 33% розӣ, ҳам дар байни шаҳрвандони синну солашон то 35 ва аз 35 сола боло, калон аст- 65% зидди 30%. Дар ҳар ду гурӯҳи синну солӣ дар қисми "Намедонам" 5%-и пурсидашудагон ҷавоб доданд. Дар Фаронса ҳам дар ҷавоби гурӯҳҳои синну солӣ то 30 сола ва аз 35 сола боло фарқияти калон вуҷуд дорад. Норозӣ аз системаи маориф пурсидашудагони синну солашон аз 35 сола хурд — 53%-ро ташкил медиҳад, розӣ-37%, дар қисми "Намедонам"-10% ҷавоб додаанд.

Дар байни пурсидашудагони аз 35 сола боло фоизи норозиҳо боз ҳам бештар ба назар расид- 66% зидди 25%, 9% онҳо ҷавоб доданд, ки ба ин савол чӣ гуфтанашонро намедонанд.

Дар Олмон дар ҷавобҳои занон ва мардон фарқияти калон ҳосил шуд. 57%-и занони пурсидашуда аз системаи таълими ибтидоӣ ва миёна розӣ нестанд, 37 % розӣ мебошанд, 5% онҳо намедонанд. Байни мардон чунин нишондодҳо 50%, 45% ва 5% мутаносибан ташкил намуд.Қисми пурсидашудагони то 35 сола(50%) аз системаи таълим розӣ мебошанд, норозӣҳо камтар мебошанд- 475, ҷавоби "Намедам"-ро ҳамагӣ з% доданду халос.

Пурсидашудагони аз 35 сола боло аз системаи маорифи хеш бештар норозӣ мебошанд- 56% зидди 38% ва 6% онҳо намедонанд. Истиқоматкунандагони Олмони ғарбӣ, ки ба онҳо системаи таълими ибтидоӣ ва миёнаи кишварашон маъқул нест- 51% мебошанд, фоизи касоне, ки розианд- 44%, 5% дигар намедонам гуфта ҷавоб додаанд. Дар қисми Олмони шарқӣ бошад норозиён зиёданд- 61% зидди 33%, 6%-и дигар намедонанд. Аз ҳама нишондоди калони норозиёнаи системаи таълим дар Берлин ба назар гирифта шуд-74% зидди 24%, 2% ҷавоб доданд, ки намедонанд.

Пурсиши Sputnik.Мнения
Пурсиши Sputnik.Мнения - Sputnik Тоҷикистон
Пурсиши Sputnik.Мнения

Пурсиш аз тарафи ширкати асосии фаронсавӣ, ки бо пурсиши ақидаи иҷтимоӣ машғул аст, IFop аз санаи 28-уми июн то 4-уми июли соли 2016 гузаронида шуд. Дар пурсиш 3006 нафар пурсидашавандагон аз Олмон(1000нафар), Фаронса(1004 нафар) ва Итолиё(1002нафар), ки синну солашон аз 18 боло аст ширкат варзиданд.

Пурсидашавандагон аз рӯи ҷинс, синну сол ва ҷуғрофия тақси м карда шудаанд. Хатогии максималии тақсимот дар нишондодҳо дар тамоми кишвар метавонад 3,1% ташкил диҳад. Сатҳи боварии комил бошад 95% ташкил мекунад.

Маълумот дар бораи Sputnik.Мнения

Лоиҳаи байналмиллалии омӯзиши ақидаи ҷамъиятӣ аз соли 2015 оғоз гардид. Ҳамкори лоиҳа ширкатҳои машҳури тадқиқотӣ- Populus, Ifop и Forsa мебошанд. Дар чорчӯбаи лоиҳаи Sputnik.Мнения ин гуна пурсишҳо доиман дар кишварҳои Аврупо ва ИМА дар мавзӯъои мубрами иҷтимоиву сиёсӣ гузаронида мешавад.

Sputnik (sputniknews.com) — оҷонсии иттилоотӣ ва радио бо ахбори мултимедиавӣ дар даҳҳо кишварҳои дунё мебошад. Sputnik дар зиёда аз 30 забон сомона, пахши аналогӣ ва рақамӣ, барномаи мобилӣ ва дар сомонаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳои худро дорад. Тасмаи ахбори  Sputnik шабонарӯз бо забонҳои англисӣ, арабӣ, испанӣ ва чинӣ пахш мешавад.

 

Лентаи хабарҳо
0