ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Дар пойтахт мусобиқаи байналмиллалии теннис байни наврасон — Ҷоми президенти Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ин мусобиқа варзишгарони синну солашон аз 12 то 15 сола аз кишварҳои Тоҷикистон, Туркменистон, Украина, Қирғизистон,Ӯзбакистон, Афғонистон ва Эрон ширкат варзиданд.
Ҳамагӣ дар мусобиқа 60 нафар варзишгарон ширкат варзиданд, хабар медиҳад Федератсияи тенниси ҶТ.
Ин аллакай 7-умин мусобиқаи Ҷоми президенти Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Ба ғолибон мукофотҳои пулӣ дода шуд- ба ҷои якум- 7 ҳзр сомонӣ, ҷойи дуввум- 5,6 ва севвум 3,5 ҳзр сомонӣ. Теннисчиёне ки дар мусобиқаҳои ҷуфтӣ ҷойҳои 1, 2 ва 3-ро гирифтанд мутаносибан ҳар яки онҳо 3,5ҳзр, 2,8 ҳзр, ва 1ҳзр 750 сомонӣ гирифтанд.
Ғолибон:
Духтарон: 1. Анастасия Турсунова аз Тоҷикистон, 2. Комила Муллоева ва 3-юм Шаҳзода Наимова аз Тоҷикистон.
Писарбачагон: 1. Шодмон Қурбонов (Тоҷикистон). 2. Иосам Шарифов (Ӯзбакистан). 3. Бекзод Суюнов (Ӯзбакистан).
Ҷуфти бозингарон. Духтарон. 1. Шаҳноза Асимова, Камила Муллоева (Тоҷикистан). 2. Ҳанифа Ҳасанова (Ӯзбакистан), Наргиза Яҳёева (Тоҷикистан). 3. Анастасия Турсунова (Тоҷикистан), Мария Никитюк (Украина). Писарбачагон 1. Шерзод Раҷабов, Бекзод Суюнов (Ӯзбеакистан). 2. Шодмон Қурбонов, Темур Каримов (Тоҷикистан). 3. Аҳмад Юсуф, Гулмаҳмад Юсуфӣ (Афғонистан).