Тоҷикистон дар сарҳади Ӯзбакистон постгоҳи нав ташкил дод

© Sputnik / Амир ИсаевШоҳроҳи Душанбе-Турсунзада. Акс аз бойгонӣ
Шоҳроҳи Душанбе-Турсунзада. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар постгоҳ сарбозхона (казарма) ва хонаҳо барои сарбозон ва афсарон, синфхонаҳо, ошхона, китобхона, майдончаи варзишӣ, ҳаммом, ҳуҷраҳои истироҳатӣ сохта шудааст, хабар медиҳад котиби матбуоти қӯшунҳои сарҳадии кумитаи амнияти милии Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев.

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Дар ҳудуди наздисарҳадии "Турсунзода" дар сарҳади Тоҷикистон ва Ӯзбакистон маросими ифтитоҳи постгоҳи замонавии нав баргузор гардид, хабар медиҳад котиби  матбуоти қӯшунҳои сарҳадии кумитаи амнияти милии Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев.

Ин постгоҳ дар масофаи 100и км  дар ғарби Душанбе ҷойгир шудааст.

"Дар постгоҳ сарбозхона  (казарма) ва хонаҳо барои сарбозон ва афсарон, синфхонаҳо, ошхона, китобхона, майдончаи варзишӣ, ҳаммом, ҳуҷраҳои истироҳатӣ сохта шудаанд",- гуфт вай.

Ба гуфтаи ӯ дар маросими ифтитоҳи постгоҳи нав котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров ва фармондеҳи қувваҳои сарҳадии кишвар Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ширкат варзиданд.

 

Лентаи хабарҳо
0