ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Нуралиева Шаҳодатхон — модари кӯдакон соли таваллуди 1998 буда, дар деҳаи Дашти Мирзои ноҳияи Файзобод зиндагӣ мекунад, омадааст дар хабар.
Зуҳро Каримова духтури навзодон мегӯяд, ки чоргоникҳо ду писару ду духтар буда, санаи 24 августи соли 2016 соати 11-и рӯз чашм ба дунёи ҳастӣ кушоданд. Айни замон саломатии модару кӯдакон хуб аст.
Модари серфарзанд гуфтааст, ки вай ду Шоҳписар ва ду Шоҳдухтаронашро ба муносибати ҷашни истиқлолият ба шавҳараш тӯҳфа мекунад.