Геологони тоҷик дар конгреси геологӣ дар Кейптаун ширкат меварзанд

© Sputnik / Сергей Субботин / Гузариш ба медиабонкШаҳри Кейптаун. Акс аз бойгонӣ
Шаҳри Кейптаун. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар конгреси 35-уми геологӣ IGC-2016 дар Кейптаун геологони тоҷик- Гуламадшоев Азиз, Юнусова Дилфуза ва Шаҳлои Муҳаммадзод ширкат меварзанд.

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Геологони тоҷик дар конгреси 35-уми геологӣ IGC-2016 дар Кейптаун ширкат меварзанд, ки аз санаҳои 27-уми август то 4-уми сентябр давом меёбад, хабар медиҳад раёсати асосии геологии Тоҷикистон.

Қайд карда мешавад, ки дар ин конгресс зиёда аз 10000 нафар гелологон аз кишварҳои гуногуни олам иштирок мекунанд. Аз Тоҷикистон- Гуламадшоев Азиз, Юнусова Дилфуза ва Шаҳлои Муҳаммадзод ширкат меварзанд.

"Конгреси мазкур тамоми олимони ҷаҳонро ҷамъ меоварад, то равандҳои ҷараёни заминро муҳокима намоянд. Онҳо таҷрибаҳои худро байни ҳамдигар  баён мекунанд. Ин таҷрибаи илмӣ имконият медиҳад, ки тадқиқотҳо дар бораи Замин дар тамоми ҷаҳон баррасӣ карда шавад",- омадааст дар хабар.

Иштирокчиёни конгесс якчанд мавзӯъҳои мубрам, ҳамчунин масъалаҳои экологиро баррасӣ менамоянд.

Ғайр аз ин дар барномаҳои конгрес сафар намудан ба давлатҳои африқоӣ- Гану, Зимбабве, Замбию, Танзанию, Кению ва Ҳабашистон ба қайд гирифта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0