ВВС: Ӯзбакистон рӯзи истиқлолияташро ҷашн намегирад

© Wikipedia/ upyernozБинои парлумони Ӯзбакистон. Акс аз бойгонӣ
Бинои парлумони Ӯзбакистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Матбуот маълумот намедиҳад, ки оё ин андозагирӣ ба бадшавии аҳволи раисҷумҳури Ӯзбакистон Ислом Каримов вобаста аст ё не.

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Чорабиниҳои расмии идона, ки бахшида ба ҷашнвораи  Рӯзи истиқлолияти Ӯзбакистон ба нақша гирифта шуда буданд, бекор карда мешавад, хабар медиҳад BBC O'zbek  бо истинод ба манбаи худ.

Сабаби чунин андозагирӣ муайян карда нашудааст.

"Дар бораи он ки оё ин чорабинӣ бо бемории президенти Ӯзбакистон вобаста аст ё не матбуот ягон маълумот пешниҳод намекунад"- менависад ВВС.

Санаи 27-уми август Каримов ба сактаи майнаи сар гирифта шуд ва ба беморхона бистарӣ гардонида шуд дар бораи муддати табобати президент чизе оварда нашудааст.

Пештар, баъд аз дар ВОА пайдо шудани хабар дар бораи марги президент, расман хабар дода шуд, ки аҳволи президент мӯътадил аст ва чорабиниҳо қатъ карда намешаванд.

Рӯзи истиқлолияти худро Ӯзбакистон ҳамасола санаи 1-уми сентябр қайд мекунад.

Лентаи хабарҳо
0