ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Шаҳрванди Тоҷикистонро барои интиқол намуданаи маводи мухаддири героин аз шаҳри Маскав ба ноҳияи Сергиево- Пасад даҳ сол аз озодӣ маҳрум сохтанд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти прокуротураи Подмоскове.
Суд муайян кард, ки моҳи апрели соли ҷорӣ Азизов ҳангоми идора намудани автомобил аз тарафи кормандони тафтишот боздошт шуда, аз тафтишоти шахсӣ гузаронида шуд.
Чуноне ки маълум гардид Азизов маводи мухадирро аз Маскав ба ноҳияи Сергиево- Пасад мебурд. Дар натиҷа аз вай 700грам маводи мухаддир мусодира гардид.
Мувофиқи ҳукм ба Азизов 10 сол ҷазои аз озоди маҳрумкунанда муайян карда шуд, ки онро дар ҳабсхонаҳои низомаш қатъӣ сипарӣ хоҳад кард.