Ифтитоҳи бинои нави Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон

Обуна шудан
Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон яке аз калонтарин донишгоҳҳои кишвар ба шумор рафта, соли 1996 дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон бо Федератсияи Русия таъсис ёфтааст.

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни бузурги умумимиллӣ 25 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои пойтахт иншооти таъиноти гуногунро ифтитоҳ карда, нахуст дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бинои нави Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод, хабар медиҳад дафтари  матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.

Барои бунёди иншооти мазкур 50 миллион сомонӣ маблағ сарф шудааст. Бинои таълимӣ аз 3 иморати 5 ошёна иборат мебошад ва барои 1072 нафар донишҷӯ пешбинӣ шудааст, омадааст дар хабар.

"Масоҳати умумии бинои нав 15 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад ва барои таҳсили донишҷӯён дар шароити муосир басо созгор аст. Дар таҳхона ошхона бо 280 ҷойи нишаст, 5 адад озмоишгоҳи химия, физика ва биология сохта шудааст. Дар бинои нав толори варзишӣ бо 195 ҷой барои тамошобин, 3 утоқи лингофонӣ бо 50 ҷой, толори машваратӣ бо 20 ҷой, озмоишгоҳи криминалӣ, маҷлисгоҳ бо 560 ҷой, маркази матбуотӣ бо студияи радио ва телевизион, аудиторияҳо бо 280 ҷой, 2 синфхонаи компютерӣ бо 70 ҷойи нишаст ва дар ошёнаи панҷум китобхонаи электронӣ бо 50 ҷой мавҷуд аст"-  менависад манбаъ.

Ин муассисаи олии таълимӣ яке аз калонтарин донишгоҳҳои кишвар ба шумор рафта, соли 1996 дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон бо Федератсияи Русия таъсис ёфтааст. Дар донишгоҳ аз рӯйи 18 равияи бакалавриат, 11 равияи таълимии магистратура зиёда аз 20 барномаи магистрӣ, 2 равияи докторантура ва 3 равияи аспирантура фаъолияти таълимӣ ва илмӣ-тадқиқот бурда мешавад.

Пас аз шиносоӣ бо бинои нави Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон раисҷумҳур дар толори маҷлиси ин бино дар назди устодону донишҷӯёни донишгоҳ суханронӣ намуд.

 

Лентаи хабарҳо
0