ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Гумонбаршуда санаи 27-уми августи соли 2016 бо тариқи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи тамғаи "Ҷип-Мусо"-и марди 59-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ як адад ноутбук, ки арзишаш 3000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ВКД.
Ҳамчунин муайян гардид, ки дастгиршуда рӯзи 4-уми августи соли ҷорӣ пинҳонӣ аз дохили автомашинаи тамғаи "Опел-Караван"-и марди 27-солаи сокини ноҳияи Ҳисор, ки дар дохили бозори "Деҳқон", воқеъ дар кӯчаи Гипроземи ш.Душанбе гузошта шуда буд, як адад телефони мобилии тамғаи "Самсунг-Галекси НОТ-3", ки арзишаш 2200-сомониро ташкил медиҳад, дуздидааст.
Нисбати далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад, омадааст дар хабар.