Собиқ футболбози испании “Истиқлол” касби барқчигиро пеша кардааст

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкФутбол. Акс аз бойгонӣ
Футбол. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Собиқ бозингари “Истиқбол” Хосе Баллестери испанӣ нақл намуд, ки мехоҳад клуби дигари хубе дарёфт намояд ва футболбозиро двом диҳад.

ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Бозингари собиқи "Истиқлол"-и Душанбе каме аз футбол дур шуд ва ҳоло ба касби техкинкию барқчигӣ машғул аст.

"Пас аз оне, ки Тоҷикистонро тарк кардам, ба хулоса омадам, ки каме  аз варзиш дур мешавад. Ҳоло техник-электрик шуда дар ташкилоте кор мекунам, ки сарвари он амаки худам аст. Аммо ин муваққатан аст ва мехоҳам ба наздикӣ бароям клуби футболи хубе дарёфт намоям ва дар он фаъолияти худро давом диҳам. Оё дар бораи мунтахаби Тоҷикистон маълумо дорам? Бале, аз тариқи шабакаи интернет. Хело шод ҳастам, ки ҳамклубонам дар ин сол метавонанд чемпион шаванд",- гуфт собиқ варзишгари "Истиқлол".

Ӯ изҳори таассуф намуд, ки натавонист дар дастаи "Истиқлол" бо муваффақият баромад намояд.

"Ман худам мехостам, ки дар ин даста монам, аммо вакили ман маро водор намуд, ки дастаро тарк кунам",- қайд намуд ӯ.

Дар ҳамин ҳол, ҳимоягари ганагӣ Содиқ Мӯсо ба дастаи собиқи худ баргашт, ки он "Ҳосилот"-и Фархор мебошад. Содиқ Мӯсо метавонист бозии худро дар дастаи қирғизии "Дордоя" давом диҳад, аммо ба Тоҷикистон баргашта омад.

Дигар бозингари ганагии клуби фархорӣ Соломон Течӣ интизор меравад, ки бо дастаи "Духоком"-и Ироқ шартнома бандад. Ҳамчунин маълум нест, ки дигар варзишгари ганагӣ Гершон Акуффо, ки якҷоя бо Солдиқ Мӯсо ба "Дордоя" рафта буд дар кадом даста фаъолият хоҳад кард.

 

 

 

Лентаи хабарҳо
0