Дар ҳамлаи донишгоҳ дар Кобул 12 нафарқурбон гардиданд

© REUTERS \ Omar SobhaniПолиси афғон дар назди бинои донишгоҳе меистад, ки ба он ҳамла оварда шуда буд
Полиси афғон дар назди бинои донишгоҳе меистад, ки ба он ҳамла оварда шуда буд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мувфоқи маълумотҳои полис дар байни қурбониён 7 нафар донишҷӯ, 3 нафар командони полис ва ду нафар посбонон буданд. Қисми зиёди ҷароҳатбардоштагонро донишҷӯёни донишгоҳ ташкил медиҳанд.

ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Ҳамлаи мусаллаҳона ба Донишгоҳи амрикоии Кобул 12 қурбон гардонид, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба Reuters.

Дар ҳамла 44 нафар захм бардоштанд.

Чӣ тавре, ки намояндаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Фараидун Обаидӣ  хабар медиҳад дар байни фавтидагон 7 нафар донишҷӯ, се нафар кормандони полис ва ду нафар посбон буданд. Қисми зиёди ҷабрдидагонро35 нафар донишҷӯён ташкил медиҳанд.

Пештар хабар дода шуда буд, ки дар мауссисаи таҳсилотӣ дар пойтахти Афғонистон тахмин бурда мешавад, ки гурӯҳи одамони мусаллаҳ ҳамла оварданд, аммо версияи дигари полис-  ин як нафар ҷанговари муссаллаҳ мебошад.

Пас аз як соати ба итмом расидани ҳуҷум кормандони полис ду нафар ҳуқумовардагонро дастгир намуданд. Ягон ташкилоти террористӣ ҳоло ин ҳодисаро ба дӯш нагирифтааст.

Лентаи хабарҳо
0