ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Ширкати русиягии "Тайёраҳои граждании Сухой" ба Тоҷикистон маҳсулоти хешро пешниҳод намудааст.
Директор оид ба хариду фурӯш Фирӯз Ҳасанов роҳбарияти ширкати ҳавоии тоҷикии "Сомон Эйр"-ро бо лайнери нави Sukhoi Superjet 100 шинос намуд.
Ба гуфтаи вай дар нақшаи иқтисодӣ тайёраи мазкур барои парвозҳи масофаҳои наздик хело мувофиқ аст.
Тарафҳо ба хулоса омаданд, ки мусоҳибаҳои худро пас аз пешниҳоди тиҷоратӣ заводи истеҳсолкунанда давом хоҳанд дод.
Sukhoi Superjet 100- тайёраи мусофирии русиест, ки аввалин парвози худро соли 2008-ум ба амал овардааст. Соли 2011-ум аввалин Sukhoi Superjet 100 ба ширкати ҳавопаймоии армании "Armavia" ба истифода дода шуда буд.
"Сомон Эйр" аввалин ширкати тоҷикии ҳавопаймоии хусусӣ мебошад, ки соли 2007-ум ташкил шудааст.
Соли 2008-ум он аввалин парвози худро ба таври мунтазам дар хатсайри "Душанбе- Москва" ба роҳ мондааст. "Сомон Эйр" хатсайрҳои байналмиллалии мусофириро ба иҷро мерасонад, ки онҳо аз фурудгоҳҳои Душанбе ва Хуҷанд парвоз мекунанд.