ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Шумораи фавтидагони заминҷумбӣ дар Италия то рафт зиёд мешавад, хабар медиҳад Sputnik International бо истинод ба намояндаи мудофиаи гражданӣ.
Дар бораи 247 нафар нафар фавтидагон ҳоло маълум гардидааст.
Корҳои наҷотдиҳандагӣ тамоми шаб суръат гирифта, то ҳол давом дода истодааст. Шумораи ҳалокшудагони ҷамъияти Риети 190 нафарро ташкил дода, дар яке аз деҳаҳои шаҳри Асколи Пичено 57 нафар ба ҳалокат расиданд, омадааст дар хабар.
Заминларзаи сахт шаби сешанбе дар қисми марказии Италия ба вуқуъ пайваст. Харобаҳо дар се вилояти Италия ба қайд гирифта шудаанд: Латсио,Умбрии ва Марке.
Маркази заминларза, такони якум ба андозаи 6,0 дар наздикии шаҳри Акумолли деҳоти Риетӣ ба вуҷуд омад. Зилзилаи дуюм ба андозаи 5,4 дар вилояти Умбрия ба қайд гирифта шуд. Ҷумбиши қисми болии замин дар якчанд шаҳрҳои Италия, ҳамчунин дар Рум ва Балона ҳис карда мешуд.