Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» қабул шуд

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкБинои парлумони ҶТ. Акс аз бойгонӣ
Бинои парлумони ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нисбати доираи васеи маҳкумшудагон муҳлати адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ кам карда мешавад. Қонуни мазкур инчунин нисбати зиёда аз ду ҳазор шахсоне, ки парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати онҳо дар баррасии мақомоти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ё судҳо қарор доранд татбиқ карда мешавад.

 ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik.Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи якуми ғайринавбатии худ даъвати панҷум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» — ро қабул карданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Тоҷикистон.

Мувофиқи ҳисобҳои пешакӣ баъди қабул гардидани Қонуни мазкур нисбати зиёда аз дувоздаҳ ҳазор нафар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандаҳо ва маҳкумшудагон татбиқ карда мешавад. Аз ҷумла зиёда аз се ҳазор нафар аз адои ҷазо аз муассисаҳои ислоҳӣ озод карда шуда, зиёда аз чор ҳазор нафар аз ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд набуда озод карда мешаванд.

Аз ҷумла таъкид гардид, ки аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, новобаста аз муҳлати ҷазои таъиншуда ва аз адои ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд набуда маҳкумшудагони зерин озод карда мешаванд: занон, ноболиғон, мардони аз 55 сола боло, маъюбони гуруҳҳои I, II ва III, инчунин шахсони гирифтори бемориҳои омоси бадсифати марҳалаи 4 ва гуруҳи клиникии 4 аз рӯи таснифи байналмилалӣ, омоси бадсифати бофтаҳои лимфоидӣ ва хунофар, сили узвҳои нафас ва пошхӯрдаи шадиди шуш, бемории ишемиявии дил-стенокардияи фаъолияти ҷисмонии гурӯҳҳои III ва IV мансуб донисташуда, шахсоне, ки бо мукофотҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд ва шаҳрвандони хориҷӣ.

Тибқи лоиҳаи пешниҳодгардида, санади авф, пеш аз ҳама, нисбати он шахсоне татбиқ карда мешавад, ки аз нигоҳи синну сол, ҷинс ва вазъи саломатӣ ба авфи гуноҳ эҳтиёҷманд мебошанд.

 

 

 

 

Лентаи хабарҳо
0