Дар Олмон қатора бо автобуси мактабхонон бархӯрд

© AFP 2023 / ODD ANDERSEN / Гузариш ба медиабонкЁрии таъыиль дар Олмон. Акс аз бойгонӣ
Ёрии таъыиль дар Олмон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
ВАО-и Олмон хабар медиҳад, ки дар шаҳри Меллаи Олмон дар наздикии Оснабрюк садаами нақлиётӣ рӯй дод. Дар вақти гузаштан қатори бо автобуси мактабхонон бархӯрдааст.

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. То ҳол маълум нест, ки чӣ гуна автобуси талабагон дар ҳамон лаҳза дар гузаргоҳ  қарор гирифтааст, дар ҳоле, ки ба он қатора наздик мешуд.

Маълум аст, ки якчанд кӯдакон ҷароҳати вазнин бардоштанд. Ҳоло дар бораи фавдидани ягон талаба маълум нагаштааст. Ба ҷойи садама якбора якчанд чархболҳо якбора парвоз намуданд, хабар медиҳад DPA.

Пештар хабар дода шуда буд, ки ба беморхонаи наздиктарин се нафар оварда шудаанд, аммо баъдтар шумораи ҷароҳатбардоштагон то 9 нафар зиёд гардид.

Садама саоти 8:15 ба қайд гирифта шудааст. Полис тамоми ҳолатҳои ин ҳодисаи баамаломадаро муайян карда истодааст.

Лентаи хабарҳо
0