ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Ҷараёни ҷанубӣ ба Тоҷикистон ҳавои гарм ва хушкро меронанд. Марбут ба ин гармии ҳаво дар бисёре аз шаҳрҳои кишвардар рӯзҳои наздик то 40 дараҷа боло мешавад.
Боришот ба назар гирифта нашудааст. Аз 24-ум то 30-юми август ҳавои тағийрёбанда интизор бурда мешавад. Дар Душанбе гармии ҳаво то 39 дараҷаро ташкил медиҳад, осмон соф боқӣ мемонад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ мутаххассин ҳамин тавр ҳавои кушод ва беабрро пешгӯӣ мекунанд. Дар ин ноҳияҳо гармии рӯзона 34-39 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар вилояти автономии кӯҳии Бадахшон ҳаво камабр ва бебориш боқӣ мемонад. Гармии ҳаво рӯзона дар ғарб 28-33 дараҷа ва дар шарқ 14-19 дараҷаро ташкил медиҳад.
Чунин обу ҳаво то охири август боқӣ мемонад. Табибон тавсия медиҳанд, ки дар чунин гармӣ одамон хонаҳояшонро бе ҳоҷат тарк накунанд.
Гармӣ се моҳ аст, ки Тоҷикистонро тарк намекунад. Сутунчаи симобӣ аз 37 дараҷа паст намешавад. Дар моҳи июн Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон гармии шадидро пешгӯӣ карда буд.
Моҳи июл ин ҳолат такрор гашт. Аз ҳама дараҷаи ҳаво дар Бадахшон пасттар буд. Август ҳам ба ҳамин минвол давом меёбад.