Чаро тайёраҳои русӣ пойгоҳи ҳавоии Эронро тарк намуданд

© Sputnik / Alexander NatruskinКорманди Донишкадаи Шарқшиносии АИР Владимир Сажин. Акс аз бойгонӣ
Корманди Донишкадаи Шарқшиносии АИР Владимир Сажин. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сабаби нигаҳдории истифодаи пойгоҳи ҳавоии Ҳамадон шояд аз ихтилофотҳои дохилии Эрон вобаста бошад. Ҳамчунин ин метавонад дар баҳс нагардидани якчанд масъалаҳо аз тарафи ҳукумати Русия ва Эрон вобаста бошад, фикр мекунад корманди Донишкадаи шарқшиносии АИ Русия Владимир Сажин.

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik, Анастасия Лебедева. Дар ҳафтаи гузашта муносибатҳои дутурафаи Эрону Русия қувваҳои НАТО-ро ба ташвиш оварданд. Ин дар ҳоле ба вуҷуд омад, ки маълум шуд, ки қувваҳои ҳарбии Русия аз пойгоҳи ҳавоии Эрон истифода мебаранд, то ин ки ба мавқеъҳои дастаи дар Тоҷикистон мамнӯи "Давлати исломӣ" зарба зананд.

Ҳукуматдорони Эрон эълон намуданд, ки Русия метавонад аз пойгоҳи ҳавоӣ то он вақте истифода барад, ки ба он ниёз дошта бошад. Аммо дертар маълум гардид, ки Русия дигар аз Ҳамадон истифода намебарад.

Барои чӣ қувваҳои ҳарбии Русия Эронро тарк намуданд? Ба ин савол Sputnik Тоҷикистон кӯшиш намуд, ки аз корманди калони илмии Донишкадаи шарқшиносии АИ Русия Владимир Сажин ҷавоб гирад.

Ба фикри вай се сабаби асосии ба амал омади ин ҳолат вуҷуд дорад.

Чизи дигаре хостанд

Аввал ин ки бояд дарк намуд, ки масъалаи истифодаи Ҳамадон ҳамчун фурудгоҳи парвозӣ иҷозат дода шуда буд — фурудгоҳе, ки барои тавқуфгоҳи муваққатӣ истифода мешавад, сӯзишворӣ захира карда мешавад ва лавозимоти ҷангӣ ҷамъ оварда мешавад, гуфт Сажин.

"Аз Русия то Сурия масофа хело калон аст, бояд барои ҳамлаи ҳавоии самаранок таваққуф кард ва захира намуд",- фаҳмонид вай.
Ба гуфтаи вай шояд Русия талаб карда бошад, ки Ҳамадон ҳамчун пойгоҳи мукаммал истифода шавад.

Чунин мақом талаб мекунад, ки дар пойгоҳ миқдори низомии калон мавҷуд бошад- ҳайъати доимии парвозӣ, мутахассисони муҳандисиву техникӣ, кормандони идоракунандаи парвозҳо ва ғайраҳо.

"Эрониён пурра рад карданд, зеро ин бо Сарқонуни онҳо мухолифат мекунад,"- иброз намуд шарқшинос.
Хомӯши — тилло аст
Дуюм ин ки боздоштани истифодаи пойгоҳи ҳавоӣ метавонад бо он марбут бошад, ки Русия шитоб кард, ки дар бораи ғолибияти сиёсиааш эълон кунад, қайд мекунад коршинос.

Тарафҳо шарт карда буданд, ки ин шартномаро пинҳон нигоҳ доранд ва иқдоми ҳукумати Русия ба сиёсатмадорони Эрон писанд наомад.

"Аз ин сир сохтан хело мушкил аст, зеро ҳар як қадами қувваҳои ҳавоиро НАТО ва маҳвораҳои амрико назорат мебаранд, аммо дар ҳоле, ки инро ҳама медонистанд ва намегуфтанд, бояд хомӯш мемонданд. "

Мубориза барои нуфуз

Варианти сеюмро шарқшинос- акси садои муборизаи дохилии сиёсӣ дар Эрон мешуморад.

Қувваҳои муайяни сиёсии кишвар мутмаинанд, ки Русия дар иштироки ҳалли қазияи Сурия ҷалб карда нашудааст. Маҳз дар густариши ҳамкорӣ Эрон тайёриҳои ҳарбии Русияро ба пойгоҳи худ роҳ додааст, мефаҳмонад Сажин.

Аммо мухолифони сиёсӣ мутмаинанд, ки Теҳрон дар ин самт хело фаъолона амал мекунад.

" Ин ҷо ҳисси рашки онҳо пай бурда мешавад, ки Русия метавонад нуфузи Эронро дар Сурия паст кунад. Зеро вазифаи асосии кишвар- нигоҳ доштани Башор Асад дар ҳукумат аст, ки барои пурзӯр намудани давлатҳои шиаҳо- Эрон-Ироқ-Сурия- Лубнон амал мекарданд",- қайд намуд коршинос.

Ба фикри вай ин ташаббуси Эрон — ба Русия дар аввал ба истифода додани пойгоҳи ҳавоӣ ва пас аз он манъ кардан- дар муносибати Русияву Эрон иқдоми на он қадар хуб аст.


"Эрон бо ин амалаш ба имеджи Русия зарар овард, аммо бо вуҷуди ин ҳодиса дар муносибатҳои ду кишвар инъикос хоҳад гашт",- хулоса намуд Сажин.

Лентаи хабарҳо
0