ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Дар яке аз шаҳрҳои Русия Углич озмуни аксҳо бо номи "Нуқтае дар харита. Шаҳрҳои кӯчак" баргузор гардид, омадааст дар сомонаи чорабинии "Озмуни аксҳо дар Углич".
Иштирокдорон аз шаҳрҳои гуногуни Русия ҳамчунин аз 11 кишвари дунё дар якчанд категорияҳо мусобиқа намуданд: "Акси ягона", "Лоиҳаи ҳуҷҷатӣ", ва "Арт лоиҳа".
Ҳамагӣ дар мусобиқа зиёда аз 5 ҳзр аксҳо ба намоиш гузошта шуда буданд.
Шаҳрванди Тоҷикистон Акмал Усмонов дар категорияи "Акси ягона" ҷои сеюмро ба даст овард. Дар ин мусобиқи акси гифтаи вай "Фурӯшандаи қурут. Уро- Теппа(Исторавшан). Тоҷикистон." ба намоиш гузошта шуд. Дар сурат аккос мардеро нишон додааст, ки дар пайроҳаи мағозаи хурдакаке дар интизори харидорон менишинад.
Дар аввали моҳи август дар шаҳри Хуҷанд намоишгоҳи аксҳои Усмонов "Дилҳои кушод" баргузор гардида буд. Дар ин намоишгоҳ вай тарзи ҳаёти аққалиятҳои қавмии Тоҷикистон- лӯлиҳои маҳаллиро ба маъраз гузошат буд.