Дилшод Назаров дар бозҳои олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Женейро медали тилло ба даст овард. Ӯ дар мусобиқа болғаро ба дарозии 78,68 метр партофт. Дар таҷрибаи Дилшод ин бозии чорумини олимпии вай мебошад.
"Намегӯям, ки ин ғолибият ба осонӣ ба ман даст додааст. Мусобиқаи хело хуб буд ва рақобати хуб ҳам буд. Ман хело хушбахтам, ки барои кишвари хеш медали тилло ба даст овардам. Ман тамоми қувваи хешро барои ғолибият ҷамъ оварда будам, ҳатто ба нақша гирифта будам, ки гурзро дуртар мепартоям. Муҳимаш ин, ки аллакй дар даст медали тилло дорам. Бароям дигар лаҳзаҳо дуюминдараҷа аст. Ман хело хушбахтам",- эълон намудааст Назаров ба рӯзноманигорон.
Ҳамин тавр дар тӯшаи бозиҳои Олимпии Тоҷкистон ягона медали тилло ба даст оварда шуд. Пештар бозиро 6 варзишгарони дигар тарк намуда буданд.
Падари Дилшод Назаров, ки ӯро дӯстонаш Дима мегуфтанддар шарқи Тоҷикистон соли 1996 дар вақти ҷанги шаҳрвандӣ дар синни 41- солагӣ кушта шуда буд. Он вақт Дилшод 14 сол дошт.
Падари Дилшод Назаров, ки ӯро дӯстонаш Дима мегуфтанддар шарқи Тоҷикистон соли 1996 дар вақти ҷанги шаҳрвандӣ дар синни 41- солагӣ кушта шуда буд. Он вақт Дилшод 14 сол дошт.