Модари дуюми ман: чӣ тавр бузиначае ба гурба унс гирифт

Обуна шудан
Гурбаи хонагӣ барои бӯзинаи навзод аз боғи ҳайвоноти Тюмен модари дуввум гардид. Вайро ба қавми худаш қабул накарданд. Дар видео нигаред чӣ тавр бӯзинаи навзод бо "ақрабои наваш" бозӣ мекунад.

Ҳайвоноти ятимкардашударо маъмулан дар парасдорхонаи махсус калон мекунанд, аммо маъмурияти боғи ҳайвонот хост ба бӯзинача модари нав ёбад. Саймира бо гурба хело унс гирифтааст ва аз вай ҷудо намешавад.

"Ин ҳодиса худ ба худ шуд. Ман ҳангоми вайро ба хона овардан ба болои гурба  шинонидам ва ӯ ором гашт. Вай фаҳмид, ки модараш аст. Аз ҳамон вақт сар карда онҳо ҷудо намешаванд. Рӯзи дароз онҳо якҷоя мебошанд. Яъне бӯзинача дар болои вай хоб ҳам меравад, дароз ҳам мекашад, хӯрокашро ҳам мехӯрад",- табассум мекард Татяна Андропова.

 

 

Лентаи хабарҳо
0