Талабагони тоҷик аз олимпиада 2 медал бурданд

© Sputnik / Александр Вильф / Гузариш ба медиабонкШаҳри Қазон. Акс аз бойгонӣ
Шаҳри Қазон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистонро чор нафар мактабхонон намоядагӣ мекарданд. Ду нафари онҳо- Фарҳод Ҳакимиён ва Нодир Даминов тавонистанд, ки дар олимпиада ҷойҳои намоёнро гиранд. Толибон як медали нуқра ва як медали бринҷӣ ба даст оварданд.

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Дар Қазон 28-умин олимпиадаи байналмиллалии информатика баргузор гардид.

Дар мусобиқаи зеҳнӣ 306 нафар иштирокчиён аз кишварҳои гуногун ширкат варзиданд, хабар медиҳад сомонаи олимпиада.

Тоҷикистонро 4 нафар талабагони синфи болӣ муаррифӣ намуданд. Ба ду нафари онҳо- Фарҳод Ҳакимиён ва Нодир Даминов имконият шуд, ки дар олимпиада ҷой гиранд. Толибон як медали нуқра ва як медали бринҷӣ ба даст оварда тавонистанд.

Дастаи Тоҷикистон тавонист, ки қариб ними иштирокдорони мусобиқаро- 88 нафар, пешдастӣ намоянд.

Олимпиадаи байналмиллалии информатика (IOI) бо иқдоми ЮНЕСКО аз соли 1989 сар карда гузаронида мешавад ва яке аз мусобиқаҳои зеҳнии машҳур байни мактабхонон ба шумор меравад. То ҳол олимпиада дар 25 давлати дунё гузаронида шудааст. Соли 1991 дар давлати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Минск баргузор гардидааст. Имсол бори аввал аст, ки дар Русия гузаронида мешавад. Дар баҳси имсолаи ҷойи баргузоршавии оимпиада шаҳри Казони бо яке аз шаҳрҳои Ҷопон ва Озарбойҷон  ғолиб омад. Ташкилкунандагони олимпиада дар Қазон — вазорати федералии телекоммуникатсия, маориф ва илм, вазорати ҷумҷуриявии иттилоот ва коммуникатсия, илм ва маориф,  Донишгоҳи федералии Қазон мебошанд.

 

 

Лентаи хабарҳо
0