Муҳоҷири тоҷик: "Маро поквиҷдон тарбия намудаанд"

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкМаблағи пулӣ
Маблағи пулӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин мард на танҳо маблағи ёфтаашро баргдонид, балки аз гирифтани туҳфа ё мукофотпулӣ даст кашид.

ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik.Дар Екатеренбург марди муҳоҷир ҷузвдонеро бо маблағи калони дохилаш дарёфт намуд ва ба соҳибаш баргардонид, хабар медиҳад ura.ru.

Рустам, шаҳрванди ҷумҳурии Тоҷикистон буда,  ҳангоми мошини худро ба таваққуфгоҳ гузоштан назараш ба ҷузвдоне меафтад.

"Мошинамро ба таваққуфгоҳ гузоштаму чашмам ба ҷузвдони занонае афатод. Аввал хостам, ки ба роҳбарияти мағоза супорам, аммо пасон ба хулоса омадам, ки худам ба соҳибаш бар мегардонам",- гуфт ӯ ба оҷонсӣ.

Муҳоҷир тефони дохили сумкаро гирифта ба яке аз рақамҳои он занг мезанад ва соҳиби ҷузвдонро хабардор мекунад, ки омада гирифта барад.

"Ҳангоми гирифтани ҷузвдонаш, ки дар дохилаш ҳуҷҷатҳо ва зиёда аз 100 ҳзр рубли русӣ буд, зан хост ба ман мукофотпулӣ диҳад, аммо ман гуфтам: Чизе лозим нест, шукри Худо ҳама чиз дорам. Ман фақат хосатм кори неке анҷом диҳам. Ман тоҷик ҳастам ва номи ман Рустам мебошад, фақат ҳаминро гуфтаниам",- гуфтааст муҳоҷир ба ura.ru.

Хешовандони Рустам ба оҷонсӣ гуфтанд, ки қариб 15 сол аст, ки ӯ дар Урал зиндагӣ мекунад ва дар сохтмон кор мекунад. Худи Рустам бошад гуфтааст, ки падару подараш ӯро чунин повиҷдон тарбия намудаанд, барои ҳамин маблағи бозёфтшударо баргардонид.

Лентаи хабарҳо
0