ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Мураббии олмонӣ, ки дар натиҷаи суқути калони автомобилҳо дар роҳи мошингарди шаҳри Рио-де-Женейро фавтид, тавонист ҳаёти 4 нафари дигарро наҷот диҳад, хабар додааст РИА Новости бо истинод ба саҳифаи рӯзномаи Die Welt.
Ҳафтаи гузашта мурабии мунтахаби Олмон дар бозии Олимпиада ҳангоми дар таксӣ нришастан ба садамаи калони роҳ дучор шуд.
Дар натиҷа сараш ҷароҳат бардошт ва ӯро ба бемористон бистарӣ карданд. Табибон Хенсеро ҷарроҳӣ карданд. Дертар мурабии 35 сола санаи 15-уми август дар ҳалқаи наздиконаш аз олам чашм пӯшид.
Чуноне ки дар муассисаҳои ҳифзи саломатии шаҳри Рио хабар доданд дил, ҷигар ва ҳар ду гурдаи вай ба дигар беморони мӯҳтоҷ бомуваффақият пайванд карда шуд. Аз ин бармеояд, ки Хенсе ҳаёти 4 нафарро наҷот додааст.
Штефан Хенсе- варзишгари олмонӣ. дар бозиҳои олимпии соли 2004, ки дар Афина шуда гузашт, медали нуқра ба даст оварда буд.