ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон лоиҳаи қонун "Дар бораи авф"-ро пешниҳод намуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти перзиденти ҷумҳурӣ.
"Мувофиқи ин лоиҳа аз ҷавобгарии ҷинояти шахсоне озод мешаванд, ки ҷиноят содир намудаанд ё нисбати онҳо парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст, ё мувофиқи ҳукми додгоҳ дар муассисаҳои аз озоди маҳрумкунанда қарор доранд. Ҳамчунин нисбати маҳкумшудагоне, ки дар озод намудани онҳо маҳдудиятҳо мавҷуд аст, муддати ҷазо кӯтоҳ карда мешавад",- омадааст дар хабар.
Мувофиқи ҳисоботи пешакӣ ин қонун нисбати 12 ҳзр гумонбарон, айбдоршавандагон, судшавандагон ва маҳкумшудагон ҷорӣ карда мешавад. Аз ҷумла зиёда аз 3 ҳзр нафар аз муассисаҳои ислоҳотӣ ва зиёда аз 4 ҳзр нафари дигар аз ҷавобгариҳое, ки бо моҳрум шудан аз озодӣ марбут нест, озод мешаванд.
Ҳамчунин ин қонун нисбати касоне ба иҷро мерасад, ки парвандаҳои ҷиноатиашон дар назди додситонҳо мебошад. Дар маълумотномаи хадамоти матбут гурӯҳи шаҳрвандоне оварда шудааст, ки нисбати онҳо қонуни авф иҷро мешавад.
"Шахсоне, ки нисбати онҳо ин қонун иҷро мешавад, аз ҷазои иловагӣ ва ҷуброн намудани зарари моддӣ халос намешаванд",- омадааст дар хабар.
Мувофиқи анъана ҳукми авф ба хотири рӯзи ташкилшавии Тоҷикистон эълон карда мешавад. Имсол он ба муносибати 25- солагии истиқлолияти давлатӣ муайян карда шудааст. Мувофиқи хабари матбуот мақомоти дахлдор ӯҳдадоранд, ки қонуни мазкурро дар муддати се моҳ ба иҷро расонанд. Ҳисоботи иҷроиши қонун ба президент пешниҳод мешавад.