Ба постгоҳи пулис қафқозиҳо ҳамла карда буданд

© Sputnik / Алексей Мальгавко / Гузариш ба медиабонкКорманди БДА. Акс аз бойгонӣ
Корманди БДА. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пештар хабар дода шуда буд, ки ба полис дар вилояти назди Маскав ҳамлакардагон зодагони минтақаи Осиёи Марказӣ буданд.

ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Шахсияти ҷинояткорони ба полиси дар ноҳияи Шелковски ҳамланамуда маълум гардид,  хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба манбаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ.

"Дар  постгоҳи ХБР(хадамоти бехатарии роҳ) ноҳияи Шелковский қафқозиён ҳамла оварданд",- гуфт ҳамсӯҳбати оҷонсӣ.

Ба кумитаи тафтишотӣ номҳои ҷинояткорон маълум аст.

"Дар наздикии постгоҳ дар қитъаи ҷангал ҷузвдонҳои ҳамлакардагон ёфт шудааст. Дар он ашёҳо ва ҳуҷҷатҳояшон будааст. Шахсияти ҷинояткорон маълум шудааст, аммо ба хотири тафтишот онҳо номбар карда намешавад",- омадааст дар хабар.

Пештар намояндаи ВКД Русия Ирина Волк хабар дода буд, ки он ду нафар шаҳрвандони Осиёи Марказӣ мебошанд.

Рӯзи гузашта, санаи 17-уми август ду марди бо табар ва яроқи оташфишонӣ муҷаҳҳаз ба постгоҳи ҚБР дар вилояти назди Маскав дар шаҳри Балашиха  ҳамла намуданд. Ҳар дуяшон низ аз тарафи командони полис безарар гардонида шуда буданд, ки дар натиҷа кормандон ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд.

Кормандони полиси бо ҷинояткорон  муборизабурда, дар байни мардуми осоишта мукофотонида мешаванд.

 

Лентаи хабарҳо
0