Директори мағозаи "Калашников" Владимир Дмитриев дар маросими кушодашавии мағоза қайд кард, ки ин бренд яке аз машҳуртаринҳои дунё ба шумор меравад.
"Калашников"- яке аз брендҳои машҳуртарини Русия мебошад, ки ҳангоми хориҷиён номи Русияро шуниданашон ба хотир меоранд. Барои ҳамин мо бо мамнуният, ба рӯи ҳамаи хоҳишмандони харидани тӯҳфа аз Русия дари мағозаи худро боз намудаем"- гуфт Дмитриев.
Аз мағоза метавон намунаҳои аслиҳа, тӯҳфаҳо аз ширкат ва либосҳоро бо рамзи бренди Русия дастрас намуд.
Ҳамчунин колексияи либоси шикории Baikal пешниҳод карда шуда буд.