ДУШАНБЕ 17 авг — Sputnik. Дастаи Русия, ки дар мусобиқаи низомии АрМИ- 2016 ҷойи якумро гирифтанд ба хулоса омаданд, ки тӯҳфаи ба даст овардаашонро ба маркази барқарорсозии кӯдакон ва наврасони шаҳри Навосибирск ҳадя менамоянд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи ФР.
Ғолибони бозиҳои байналмиллалии низомии АрМИ-2016 низомиёни қисми 7-уми қӯшунҳои ҳамлаовар(кӯҳӣ) тӯҳфаи асосии бурдкардаашон- автомобили "Нива"-ро ҳадя намуданд,- омадааст дар хабар.
Дар хадамоти матбуот аниқ намуданд, ки ин қарорро тамоми низомиён дар маҷлиси ҳарбиён, ки пас аз мусобиқа баргузор гардид, қабул намуданд. Ҳар яки онҳо бо имзои худ дар суратмаҷлиси нишаст розигии худро тасдиқ намуданд.
Мусобиқаи байналмиллалӣ дар омӯзиши саҳроӣ байни қисмҳои нерӯҳои ҳавоӣ бори аввал дар машқгоҳи Раевскии Новоросийск аз санаи 3-юм то 12-уми август баргузор гардид. Дастаи қӯшунҳои ҳавоии Русия ҷойи якумро гирифтанд, ҷойи дуввумро Қазоқистон ва сеюмро Чин ба даст овард.
Бозиҳои низомии байналмиллалӣ аз 20-уми июл сар карда то 14-уми август баргузор шуд. Мусобиқа дар 14 давра шуд, ки дар он 480 медал ба даст оварда шуд.