ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Полиси пойтахт барои мубориза зидди ҷиноят дар бозорҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан ва хонаҳои иҷорагирифташуда ба реҷаи кории 12 соата гузаштааст, хабар медиҳад роҳбари Шӯъба ВКД дар пойтахт.
"Полиси пойтахт тамоми қувваи худро барои ошкор намудани муҳоҷирати ғайриқонунӣ, хабардор кардан ва пешгирӣ намудани ҷиноят, ки бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир вобаста аст, пешгири намудани ҷиноятҳои ба гардиш баровардани ғайриқонунии аслиҳа сарф мекунад. Кормандони полис амалиёти худро бештар дар ҷойҳои ҷамъиятӣ: бозор, истгоҳҳои роҳи оҳан, марказҳои савдо, хобгоҳҳо, минтақаҳои ташкили маҷмааи саноатӣ, меҳмонхонаҳо ва хонаҳои ба иҷорадодашуда мегузаронад",- омадааст дар хабар.
Кормандони полис ҳамчунин ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнинро дар маконҳои барои танфурӯшӣ истифодашаванда, кофтукови ҷинояткорони паноҳбурда, тиҷорати бозиҳои ғайриқонуниро пайгирӣ мекунанд.
Дар вақти гузаронидани амалиёт таркиби полиси Маскав ба реҷаи кори 12- соата мегузарад, қисмҳои маршрутӣ ва посбонии полис пурра калон карда мешавад. Амалиёт даҳ рӯз — аз имрӯз сар карда то 26- уми август давом меёбад