ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Низомиёни қисми артиллерии пойгоҳи низомии 201-уми мастақар дар Тоҷикистон, корвони аслиҳа ва террористони мавҳумро (шартан) дар доманакӯҳҳои қаторкӯҳи Қаратау "нобуд карданд",- хабар медиҳад хадамоти матбуоти Минтақаи низомии марказӣ.(МНМ)
"Оташфишонӣ аз дастгоҳҳои артиллерияи худидоракунии 2С1 "Гвоздика" ба воситаи мавқеи оташфишонии пинҳонӣ дар муҳити зудтағийрёбандаи омӯзишӣ-низомӣ гузаронида мешуд. Дарёфт кардани душмани мавҳумро қисми иктишофии пойгоҳи низомии 201-ум таъмин намуданд, ки мушаххасоти мақсадашонро ба нуқтаи фармонбарорӣ равон мекарданд."
Қайд карда мешавад, ки Маҳалли кӯҳии мураккаб кори нишонгиронро дар зарбаи оташӣ ба корвон бо аслиҳа ё лагери ҷангиёни анъанавӣ мушкилтар намуд. Ғайр аз ин пас аз марш низомиён ҷобаҷогузории таҷҳизотро ҳангоми роҳгардӣ дар ҷангҳо коркард намуданд.
Мувофиқи маълумоти хадамоти матбуоти МНМ тайёрии оташфишонӣ дар чорчӯбаи ҷамъомади лагерии қисми артиллерии пойгоҳи низомии 201-ум иҷро гардид, ки то мобайнҳои моҳи сентябр давом мекунад.