Sputnik.Мнения. Шаҳрвандони 11 кишвар сатҳи зиндагиро то ва баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ баҳо доданд

© Sputnik / Юрий Абрамочкин / Гузариш ба медиабонкМоҳи ноябри соли 1991. Президенти ИҶШС М.С. горбачев дар вақти вохӯрӣ бо сарони давлатҳои шӯравӣ (Русия, Белорусия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманисто ва Тоҷикистон) бо лоиҳаи шартномаи ташкили Иттиҳоди давлатҳои соҳибистиқлол(ИДС). Нишасти матбуотӣ пас аз мулоқот.
Моҳи ноябри соли 1991. Президенти ИҶШС М.С. горбачев дар вақти вохӯрӣ бо сарони давлатҳои шӯравӣ (Русия, Белорусия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманисто ва Тоҷикистон) бо лоиҳаи шартномаи ташкили Иттиҳоди давлатҳои соҳибистиқлол(ИДС). Нишасти матбуотӣ пас аз мулоқот. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мувофиқи нишондодҳои пурсиши Sputnik.Мнения, танҳо шаҳрвандони синну солашон аз 35 болои Тоҷикистон (39% зидди 55%) ва Ӯзбакистон (4% зидди 91%) фикр мекунанд, ки сатҳи зиндагӣ пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯрвӣ беҳтар гардид.

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Мувофиқи маълумотҳои пурсиши Sputnik.Мнения, дар 9 аз 11 кишвари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ қисми зиёди аҳолии аз 35 сола боло сатҳи зиндагро дар даврони советӣ назар ба ҳозира беҳтар мешуморанд.

Дар Русия 64% пурсидашудагон зиндагиро дар ИҶШС беҳтар донистанд, дар Украина бошад бо ин ақида 60% пурсидашудагон розӣ гаштанд. Аз ҳама фоизи баландро дар пурсидашудагони кишвари Арманистон(71%) ва Озарбоёҷон(69%)мушоҳида кардан мумкин аст.

Пурсидашавандагоне, ки ҳаёти даврони шӯравиро дар ёд надоранд аз 18 сола сар карда то 24 солаҳо мебошанд —  онҳо фикр мекунанд, ки сатҳи зиндагӣ пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ беҳтар гардид. Дар Русия 63 % пурсидашудагон аз сатҳи ҷавонон чунин ақида мекунанд.

Ин маълумотҳо ба воситаи пурсиш аз тарафи ширкатҳои ВЦИОМ, M-Vector, Ipsos, Expert Fikri и Qafqaz  дар 11 кишвари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, бо хоҳиши оҷонсии иттилоотӣ ва радиои Sputnik ба даст оварда шуд.

Қариб дар ҳама кишварҳо шаҳрвандони синну солашон аз 35 боло фикр мекунанд, ки аз даврони пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯрвӣ дида, сатҳи зинадагӣ дар замони советӣ беҳтар буд — дар Арманистон 71% зидди 23%, дар Озарбойҷон 69% зидди 29%, дар Русия 64% зидди 28%, дар Қазоқистон 61% зидди 27%, дар Украина 60% зидди 23%, дар Малдова 60% зидди 32%, дар Қирғизистон 60% зидди 30%, дар Белорус 53% зидди 28%, Гурҷистон 51% зидди 46%

Танҳо шаҳрвандони аз 35 сола болои  Тоҷикистон (39% зидди 55%) ва Ӯзбакистон (4%зидди 91%) сатҳи зиндагиро пас аз пошхурии ИҶШС беҳтар мешуморанд.

Пурсидашудагони то 25 сола, ки пас ё каме пеш аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ таваллуд шудаанд ақида доранд, ки сатҳи зиндагӣ ҳоло беҳтар шудааст — Арманистон 48% зидди 47%, Қирғизистон 48% зидди 37%, Қазоқистон 56% зидди 35%, Белорус 57% зидди 34%, Гурҷистон 79% зидди 20%, Украина 39% зидди 18%, Русия 63% зидди 25%, Озарбойҷон 68% зидди 14%, Тоҷикистон 84% зидди 13%, Ӯзбакистон 89% зидди 5%. Танҳо ҷавонони Малдова баръакс мешуморанд — 69% ҷавонон розианд, ки сатҳи зиндагӣ дар даврони шӯравӣ беҳтар буд, зидди 17%.

Пурсишҳо аз тарафи ширкати ВЦИОМ дар Русия, M- Vector дар Қирқизистон, Тоҷикистон, ҳамчунин  Ipsos, Export, Fikri ва Qafqaz дар 11 кишвари собиқ ИҶШС аз 4-уми июл то санаи 15-уми августи соли 2016 гузаронида шудааст.

Ҳамагӣ дар пурсиш 12645 нафар одамон иштирок карданд: 1000 нафарӣ аз Арманистон, Озарбойҷон, Белорусия, Малдова, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, 1045 нафар аз Ӯзбакистон, 2000 найфар аз Украина, 1600 нафар аз Русия. Интихоби пурсидашавандагони аҳолии  кишварҳо аз рӯи ҷинс, синну сол ва мавқеи ҷуғрофӣ мебошад. Хатогӣ дар интихоб ҳангоми 95% боварии комил метавонад танҳо то 3,1% ташкил диҳад.

 

Маълумот дар бораи лоиҳа

Лоиҳаи байналмиллалии омӯзиши ақидаи ҷамъиятӣ моҳи январи соли 2015 сар шуд. Шарикони лоиҳа дар пурсиш ширкатҳои машҳури тадқиқотӣ Populus, Ifop ва Forsa буданд. Дар чорчӯбаи лоиҳаи Sputnik.Мнения доимо пурсишҳои ақоиди ҷамъиятӣ  дар кишварҳои Аврупо ва ИМА дар масъалаҳои мубрами иҷтимоӣ ва сиёсӣ шуда мегузарад.

Sputnik (sputniknews.com) — оҷонсии иттилоотӣ ва радиоӣ мебошад, ки бо иттилооти мултимедиавӣ дар даҳҳо кишвар фаъолият мекунад. Sputnik зиёда аз 30 сомонаҳо бо забонҳои хориҷӣ, пахши рақами ва аналогӣ, барномаҳои мобилӣ ва саҳифаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дорад.Фитаҳои ахбороти Sputnik бо забонҳои англисӣ, испанӣ, хитоӣ ва арабӣ шабонарӯз фаъолият мекунад.

Бо дигар тадқиқотҳои Sputnik.Мнения дар сомонаи
http://sputniknews.com/trend/sputnik_polls_2016/ шинос шавед.

 

 

 

 

Лентаи хабарҳо
0