ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Борони сел дар пойтахт тадриҷан меборад ва намеистад, ки дар натиҷаи он дарёи Яуз аз соҳилҳои хеш баромадааст, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба хадамоти матбуотии раёсати Идоракунии давлатии бехатарии роҳи пойтахт.
"Ҳаракат дар минтақаи 2-юми пули Ростокинский дар хиёбони Мир, дар гардиши қисми марказӣ аз сабаби баромадани оби дарёи Яуз маҳдуд карда шудааст",- гуфт ҳамсӯҳбати оҷонсӣ.
Борон дар Маскав аллакай тӯли 18 соат аст, ки меборад ва то шаби сешанбе давом медиҳад, хабар додаанд аз маркази обу ҳавои пойтахт.
Ҳаво барои мусофирон халал расонид, ки то ба ҷойи кори худ рафта расанд. Дар роҳҳо анбӯҳи якчандкилометра ташкил шуд. Мувофиқи баъзе маълумотҳо дарозии анбӯҳи мошинҳо қариб 30 км ташкил медиҳад.
Рӯзи душанбеи имрӯза аз ҳама моҳи сербориштарини август бо ҳисоби мушоҳидаҳо аз соли 1879, эътироф гардид. То ҳол аз ҳама србориштарин рӯз санаи 13-уми августи соли 2003 ба қайд гирифта шуда буд.
Борон дар Маскав дар нимаи моҳи август ба таври рекордӣ рехт: пагоҳии рӯзи душанбе дар пойтахт 48 млм борон рехтааст, замоне ки миқдори рекордии он 130 сол пеш, соли 1887 ба 25,2 млм расида буд.