Шаҳрванди Тоҷикистонро дар ҷурми сармоягузорӣ ба ДИ гумонбар медонанд

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузариш ба медиабонкТафтишот дар офиси марказии IKEA
Тафтишот дар офиси марказии IKEA - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин мардро дар даст доштан ба сармоягузории ҷомеаи онлайнӣ (интернет- сообщество) дар ташвиқ намудани фикрҳои террористӣ гумонбар медонанд, ки ин амали ӯ аз тарафи кормандони Хадамоти федеролии амнияти Русия пешгирӣ карда шудааст.

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Кормандони полиси Маскав як нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар даст доштан ба сармоягузории ҷемеаи интеретии "Давлати исломӣ" гумонбар дониста мешавад,  тафтиш карда истодаанд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба манба дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Парчами Давлати Исломӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Зани рус бо истифодаи шиносномаи шаҳрванди ҶТ хост ба ДИИШ пайвандад

"Ба полис маълумоти фаврӣ расид, ки шаҳрванди 37 солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар маблағгузории ячейкаи ҷомеаи интернетии "Роҳнамо ба сӯи давлати исломӣ", ки барои ташвиқоти идеология ва ҷалб намудани ҷанговарон ба таркиби ташкилоти бо ном "Давлати исломии Ироқу Шом" (дар Тоҷикистон манъшуда) даст дорад",-нақл намуд ҳамсӯҳбати оҷонсӣ.

Мувофиқи маълумоти сарчашма ба кормандони полис маълум аст, ки гумонбар ба маблағи 27 ҳзр рубл маблағи пулӣ интиқол намудааст.

Аз рӯи ин ҳодиса кормандони Маркази "Э" мувофиқи моддаи дар бораи фаъолияти террористӣ тафтишот мебаранд.

Лентаи хабарҳо
0