ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Аз сабаби борони зиёд, шаби гузашта дар роҳҳои Маскав 55 ҳодисаи ҷамъшавии оби зиёд дар роҳҳо, ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии шабакаҳои давлатии заҳкашии "Мосводасток".
"Соати 8:00 ба шабака 55 муроҷиати ҷамъшавии оби зиёд дар роҳҳо ворид гардид, ки қисми зиёди онҳо алллакай бартараф карда шудааст"- омадааст дар хабар.
Дар хадамоти матбуотӣ ҳамчунин хабар дода мешавад, ки ҳоло дар ҳудуди шаҳр 228 ҷойҳои эҳтимоли ҷамъшавии об ошкор шудааст. Аз ҳама пештар ҳудуи ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ ба назар гирифта мешавад.
Бо вуҷуди ин, борон сабаб нагардид, ки дар роҳҳо ҳаракати нақлиёт ба таъхир гузошта шавад.
Ҳамчунин аз сабаби борони зиёд ҳаракат дар метро тақвият бахшида шудааст.
Чуноне ки пештар обуҳавосанҷон хабар дода буданд, рӯзи гузашта дар марказ нисфи меъёри боришотҳои моҳона боридааст.