ДУШАНБЕ, 15авг — Sputnik. Дастаи мунтахаби футболбозони ҷавони Тоҷикистон тавонистааст, ки ба мукофоти "Ҷоми президент"-и Қазоқистон дар мусобиқаи байналмиллалӣ сазовор шаванд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ.
Дар давраи ниҳоӣ дар бозӣ бо дастаи Қазоқистон варзишгарон бар ҳисоби 1:2 мағлуб гашта, бо ҳамин васила медали нуқраро ба даст оварданд.
Дастаи Эрон ҷойи сеюмро гирифт.
Фонди мукофотии Ҷоми перзиденти Қазоқистон 15 ҳзр долларро ташкил медиҳад.
"Ба ғолибони масобиқа — дастаи Қазоқистон —ғайр аз мукофоти фахрӣ, боз 7 ҳзр доллар мукофотпулӣ дода шудааст. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон якҷоя бо медали нуқрагӣ 5 ҳзр доллар мукофоти пулӣ гирифтанд. Медали бринҷиро бошад, дастаи мунтахаби Эрон якҷоя бо 3ҳзр доллар сазовор шуд",- омадааст дар хабар.
Дар маросими расмии тақдими ҷоиза нимҳимоягари беҳтарини мусобиқа аз дастаи мунтахаби Тоҷикистон- Шаҳром Самиев интихоб гардид.
Пештар хабар дода шуда буд, ки дастаи ҶТ дастаи мунтахаби футболбозони ҷавони Русияро бо ҳисоби 6:0 мағлуб гардрнида буд. Аммо баъдтар маълум шуд, ки футболбозони аз номи Русия баромад намуда, аслан ба дастаи бозингарони ҷавон тааллуқ надоштанд.