Филми коргардони тоҷик номзади ҷоизаи филмҳои мусулмонӣ дар Қазон

© Sputnik / Александр Вильф / Гузариш ба медиабонкШаҳри Қазон. Акс аз бойгонӣ
Шаҳри Қазон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Филми коргардони тоҷик Муҳиддин Музаффар-“Пиёла”, ки 25 дақиқаи давом мекунад ба даври ниҳоии фестивали кино, ки дар шаҳри Қазони Русия баргузор гардид, роҳ ёфт.

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Дар Ҷумҳурии Татаристон (Русия) 12-умин кинофестивали филми мусулмонӣ  баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад торномаи расмии фестивал.

Дар ҷашнвораи филмҳои мусулмонӣ, ки аз 5 сентябри соли равон то 11 ҳамин моҳ давом хоҳад кард, зиёда аз 700 намяонадагони кишварҳои гуногуни ҷаҳон дархост фиристодаанд. Иштирокчиёни даври ниҳоӣ аз ҷониби ҳакамон интихоб карда шуданд.

Филм дар бораи муҳоҷири тоҷик дар Шветсария соҳиби ҷоиза гардид

Тоҷикистонро дар ҷашнвораи кинои мусулмонӣ филми 25-дақиқагии коргардони тоҷик Муҳиддин Музаффар, таҳти унвони "Пиёла", ки соли 2015 ба навор гирифта шудааст муаррифӣ менамояд.

Мавзӯъи филм арзишҳои олиавӣ буда, он дар асоси достонҳои маъруфи халқи тоҷик омода шудааст. Нақшҳои асосиро дар филм ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ислом Саломов ва Сайёда Турсунова иҷро мекунанд.

Фестивали байналмиллалии филмҳои мусулмонии Қазон-яке аз ҷашнвораҳои бузурги синамои Қазон мебошад, ки шурӯъ аз соли 2005 соле як маротиба гузаронида мешавад.

Лентаи хабарҳо
0