Мунтахаби Тоҷикистон ба Бозиҳои “кӯчманчиён” меравад. Ба Қирғизистон

© Sputnik / Владимир Пирогов / Гузариш ба медиабонкБозиҳои мусобиқоти кучманчиён. Акс аз бойгонӣ
Бозиҳои мусобиқоти кучманчиён. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мусобиқаҳои байналмиллалӣ дар Иссиқкӯл аз 3 сентябри соли равон то 8-уми ҳамин моҳ баргузор гардида, намояндагони зиёда аз 30 кишвари ҷаҳонро ба ҳам меоранд. Дар сабқатҳо 339 медал ба бозӣ гузошта шудааст.

ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Тоҷикистон ба Боҳизои байналмиллалии кучманчиён-2016, ки дар қирғизистон баргузор мегарданд, дархости иштирок равон кард, иттлиоъ медиҳад торномаи мусобиқот.

Дастаи Тоҷикистон дар мусобиқот аз рӯи намуди гуштӣ ва масс-рестлинг рақобат хоҳад кард. Дар ҳоли ҳозир оиди иштироки варзишгарони тоҷик дар дигар намудҳои бозӣ аз ҷумла бузкашӣ ва аспдавонӣ гуфтушунид идома дорад.

Интизор меравад, ки дар Бозиҳои кӯчманчиён намояндагони 30 кишвари дунё ширкат меварзанд, аз ҷумла Озарбойҷон, Аргентина, Арманистон, Бразилия, Қазоқистон, Чин, Полша, Русия, Словакия, ИМА, Туркманистон, Эквадор, Тоҷикистон ва ғайра.

Бозиҳои дуюми байналмиллалии кӯчманчиён дар Иссиқкӯли Қирғизистон аз 3 сентябри соли равон то 8 ҳамин моҳ давом хоҳанд кард. Барномаи мусобиқот 23 намуди бозиҳои варзиширо дар бар мегирад: аспдавонӣ, гуштин, бозиҳои миллӣ, камонварӣ, намуди варзиши шикор ва бозиҳои анъанавии зеҳнӣ.

Дар мусобиқаҳо 339 медал (99 медали тилло, 99 нишони нуқра ва 141 медали биринҷӣ) соҳибони худро интизоранд.

Бино ба иттилои Sputnik Қирғизистон чиптаҳо барои тамошои бозиҳои кучманчиён дар шаш нуқтаи чиптафурӯшӣ, ки чортои онҳо дар минтақаҳои гуногуни Бишкек ва дутои дигар дар шаҳри Ош қарор доранд, харидорӣ кардан мумкин аст.

© Sputnik / Табылды КадырбековТамошобинони мусобиқот
Зрители на соревнованиях по кок-бору. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тамошобинони мусобиқот

Ҳамчунин аз хадамоти матбуоти бозиҳо хабар оданд, ки чиптаҳо танҳо барои иштирок дар маросими ифтитоҳи бозиҳо лозим буда, аз тамошои худи мусобиқаҳо ҳаводорони варзишҳои миллӣ метавонанд ройгон ҳаловат баранд.

Бозиҳои аввалини кӯчманчиён соли 2014 баргузор гардид. Ҳадафи асосии баргузории мусобиқаҳо ташвиқу тарғиби намудҳои бозиҳои миллии кучманчиён дониста мешуд. Ташкили мусобиқаҳои мазкур аз ҷониби президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев соли 2011 пешниҳод шуда буд.

Дар мусобиқот оид ба ордо-(бозии миллии қирғизӣ) мунтахаби Тоҷикистон соҳиби медали биринҷӣ гардид. Дар сабқатҳои кураш намояндагони ҶТ де нишони биринҷии дигар ба даст оварданд. Хуршед Шарипов бошад мақоми аввалро аз рӯи гуштӣ соҳиб шуда, медали тилло гирифт.

Ҳамин тавр мунтахаби Тоҷикистон аз Бозиҳои аввалини кучманчиён бо як медали тилло ва се нишони биринҷӣ ба ватан баргаштанд. Дар ҳисоби умумӣ варзишгарони тоҷик соҳиби мақоми панҷум гардиданд.

Лентаи хабарҳо
0