ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Дар Владикавказ маросими ифтитоҳи намоиши аксҳои суратгири тоҷик, аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Русия Шӯҳратҷон Ёров баргузор гардид. Намоиши фарҳангӣ ба 25-умин солгарди истиқлолияти ҶТ бахшида шудааст.
Sputnik Тоҷикистон бо суратгир дар бораи назари ӯ ба Тоҷикистони имрӯза сӯҳбат кард.
Ба гуфти аккос ҳадафи асосии ӯ нишон додани дастовардҳои Тоҷикистон дар тӯли 25-соли истиқлолият мебошад.
"Соли гузашта ман ба бисёр кишварҳои ҷаҳон сафар карда будам. Дар Маскав дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Русия ман аксҳои худро ба намоиш гузошта будам. Бо суратҳои гирифтаам ман мехоҳам симои рушди Тоҷикистонро, тавре, ки ман тариқи "объектив" онро дарёфтам, нишон диҳам",-нақл кард Шӯҳратҷон Ёров.
Баъди чанд рӯз намоиши аксҳои суратгир дар Махачқалъа баргузор гардида, пасон ӯро пойтахти Русия интизор аст.
"Бо суратҳои гирифтаи худ ман мехоҳам зебогиҳои диёрамонро ба дигар халқиятҳои ҷаҳон нишон бидиҳам, то онҳо аз зебогию табиати нотакрори Тоҷикистон ҳаловат баранд. Ман аз тамоми минтақаҳои кишварамон дидан кардам, дар чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ ширкат варзидам. Ҳамаи суратҳоеро, ки барои намоиш интихоб шудаанд, ба ман хеле писанданд. Мавзӯъи намоишгоҳро метавон "25-соли истиқлолияти ҶТ" номид. То ҷашни бузурги давлатӣ ман мехоҳам симои имрӯзаи Тоҷикистонро ба дигар халқиятҳо нишон бидиҳам",-иброз дошт аксбардор.
Ба қавли аккоси тоҷик дар суратҳо ҳаёти гуногунранги мардуми Тоҷикистон нишон дода шудааст.
"Дар аксҳо тамоми соҳаҳои ҳаёти Тоҷикистон: сиёсат, иқтисод, фарҳанг, аксҳо аз чорабиниҳои фарҳангӣ, кӯдакон ва дигар лаҳзаҳои ҷолиби ҳаёти тоҷикон таҷассум гардидааст. Ҳатто аксҳои Бимболат Ватаев-ҳунарманди мардумӣ, ки дар филмҳои "Ҳасани аробакаш", "Достони Рустам" ва "Достони Сиёвуш" нақши асосиро бозидааст, ба намоши гузошта шудаанд. Ман тасмим гирифтам, ки ин суратҳоро низ ба намоиш гузорам",-қайд кард Шӯҳратҷон Ёров.