Изҳори ҳамдардии президенти Тоҷикистон ба сарвазири Покистон

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бар асари амали террористӣ дар шаҳри Кветта наздики 93 нафар ҳалок гардида, 50 тани дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Эмомалӣ Раҳмон ба Навоз Шариф номаи тасаллият равон кард.

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сарвазири Покистон Навоз Шариф номаи тасаллият равон кард, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти президенти сарвари давлат.

"Тоҷикистон ин амали маргталабонаи террористонро қатъиян маҳкум намуда, зарурати бетаъхири тақвияти муборизаи қотеонаро бо ҳамагуна зуҳуроти терроризм ва ифтротгароӣ дар сатҳҳои мухталиф муҷаддадан таъкид менамояд", — омадааст дар барқия.

Ҳамлаҳои террористии соли 2016: қурбониёни таркишҳо

Бино ба иттилои манбаъ, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла қайд мешавад, ки "хабари ҳамлаи даҳшатангезро дар шаҳри Кветта, ки муҷиби ҳалокати даҳҳо мардуми осоишта ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди шаҳрвандон гардид, бо андӯҳу нафрати беандоза дарёфтам".

Дар охир президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тасаллияти амиқи хеш ва тамоми мардуми Тоҷикистонро ба аҳли наздикони фавтидагон изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комили хостааст.

Қаблан хабар дода шуд, ки дар пойтахти Афғонистон ҳангоми гирдиҳамоӣ таркиш ба вуқӯъ пайваста дар пайи он чандин нафар ҳалок ва зиёда аз 300 кас захмӣ гардиданд.

Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Афғонистон номаи тасаллият равон карда, хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагони ҳамлаи террористӣ шуд.

Лентаи хабарҳо
0