Испаниҳо дар киштиҳои "викингҳо" ба соҳили Галиси фаромаданд.

Обуна шудан
Испаниҳо бо либосҳои таърихӣ тасвири даҳсолаҳои пешинро, замоне, ки викингҳо ба шаҳри Катойра ҳуҷум карда буданд, нишон доданд.Фаромадани викингҳоро аз киштиҳо дар соҳили Галиси дар наворҳо тамошо кунед.

Ҳазорон одамон аб шаҳри Катойра барои тамошо ва иштирок дар фестивали Romerio Vikinga, ки ҳамасола дар рӯзи якшанбеи аввалин баргузор мегардад, ҷамъ омаданд.

Барои нишон додани таърих иштирокчиён бо либосҳои ҳамонвақтаи викингҳо худро оро дода, дар киштиҳои онҳо савор мешаванд. Баъди муҳориба бо шаҳрвндони ғайри низомӣ бошад, ҷашни оммавӣ-чашидани хӯрокҳои миллӣ шурӯъ мешавад.

Аввалин гузариши викингҳо дар соҳилҳои испания ҳанӯз дар аввали асри 9 доир шуда буд. Дар Катойра фестивали мазкур шурӯъ аз соли 1960-ум баргузор карда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0