Муҳаммадмурод бо варзишгари Куба қувваозмоӣ мекунад

© Sputnik / Игорь ЛекаркинМуҳаммадмурод Абдураҳмонов. Акс аз бойгонӣ
Муҳаммадмурод Абдураҳмонов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бар асоси қуръакашӣ, рақиби паҳлавони тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар нахустин даври мусобиқоти дзюдо дар вазни беш аз 100 кг варзишгари Куба Алекс Гарсиа Мендоза мебошад.

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Рақиби Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар Бозиҳои Рио-2016 дар даври нахустин варзишгар аз Куба аст, иттилоъ медиҳад Кумитаи миллии олимпии ҶТ.

Бино ба иттилои манбаъ Алекс Гарсиа Мендоза паҳлавони номдор ва пуртаҷриба буда, ҷоизадори бисёркаратаи Гран-при ва Grand Slam (Тоскулоҳи бузург) аст.

Муҳаммадмурод Абдураҳмонов  дар суҳбат бо ВАО гуфтааст, ки "бо паҳлавони кубагӣ ман як бор дар мусобиқоти Гран-при дар Тсиндаои Чин қуввваозмоӣ карда, пирӯз шудаам. Ин дафъа низ ба қувваозмоӣ муқобили ӯ ҳамаҷониба омодаам ва барои ғалаба талош хоҳам кард."      

"Қувваозмоии Муҳаммадмурод ва Алекс Гарсиа Мендоза дар Олимпиадаи Рио рӯзи 12-уми август соати 10-и пагоҳӣ ба вақти маҳаллӣ ва соати 18-и бегоҳӣ ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад",-омадааст адр иттилоия.

Маросими кушодашавии Бозиҳои олимпӣ дар Рио - Sputnik Тоҷикистон
Маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Жанейро

Зимнан, Муҳаммадмурод дар байни варзишгарони тоҷик, ки дар Олимпиадаи Рио ширкат мекунанд, баъди муштзан Анвар Юнусов ва ҷудочӣ Комроншоҳи Устопириён севумин шуда ба мусобиқа мепардозад.

Муҳаммадмурод 29 ноябри соли 1986 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ба дунё омадааст.

Соли 2014 Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистонро хатм намудааст. Шурӯъ аз соли 2003 ба дзюдо машғул аст. Мураббии аввалин-Носир Бозоров, Айни замон таҳти роҳбарии Фаррухрӯз Собиров машқ мекунад. Устоди варзиши байналмиллалӣ мебошад. Мураббии калони нерӯҳои дохилии ВКД Тоҷикистон аст.

Дастовардҳо: дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон соли 2011 (Алмато, Қазоқистон) ҷои 5-ро сазовор шуда, дар Бозиҳио 16-уми Осиёӣ дар (Гуандҷо, Чин, 2010) ва Бозиҳои Осиё дар Инчхон (Кореяи ҷанубӣ, 2014) соҳиби мақоми 5-ум шуд. Дар Гран при (Тошканд, Узбакистон, 2014)-3-юм шуда, дар мусобиқаи Ҷоми Осиё дар Тайван (2015) ҷои 1-умро гирифт. Ду маротиба гирандаи Ҷоми президенти Тоҷикистон-дар солҳои 2014 ва 2015. Соли 2013 бошад сазовори мақоми аввал гардид. Ғолиби мусобиқаи байналмиллалии ба номи Саидмуъмин Раҳимов мебошад (2014).

Лентаи хабарҳо
0