Зани рус дар хонаи худ 900 шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказиро ҷой кардааст

© wikimedia/AndshelШаҳри Уссурийск. Акс аз бойгонӣ
Шаҳри Уссурийск. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Танҳо дар давоми як моҳ зани рус бар ивази маблағи пулӣ дар хонаи истиқоматии худ шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва дигар кишварҳоро ба қайд гирифтааст.

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Додгоҳи Русия нисбати сокини шаҳри Уссурийск (Русия), ки дар давоми як моҳ чандин муҳоҷирон аз ҷумла шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказиро дар хонаи истиқоматии худ ба қайд гирифтааст, гумонбар шуд.

Тибқи маълумоти тафтишот аз аввали моҳи марти соли равон то моҳи апрели соли 2016 ин зан бар ивази маблағи пулӣ зиёда аз 900 шаҳрвандони хориҷӣ: шаҳрвандони Чин, Узбакистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қирғизистон ва дигар мамлакатҳоро дар манзили истиқоматии худ ба қайд гирифтааст.

Парчами Давлати Исломӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Зани рус бо истифодаи шиносномаи шаҳрванди ҶТ хост ба ДИИШ пайвандад

"Ҳамин тавр ӯ 893 шаҳрвандони хориҷиро дар манзили истиқоматии худ, ки дар шаҳри Уссурийск воқеъ аст дар қайд мондааст. Дар баробири ин бо чунин роҳ шаҳрвандони хориҷӣ барои ба ҷавобгарии маъмурӣ  кашида нашудан аз қайди истиқоматӣ истифода кардаанд",-иттилоъ медиҳад прокуратура.

Корҳои ҷиноӣ аз ҷониби Хадамоти федеролии амнияти Русия ошкор ва пешгирӣ карда шуданд. Ҳафтаи равон аз ҷониби прокурори шаҳрӣ ҳукми айбдорӣ бароварда шуда барои моҳиятан омӯхтан, парванда ба додгоҳ фиристода шуд.

Аз аввали соли 2014 дар Русия қонун дар бораи бақайдгирии сохта ба эътибор даромад, ки он ба мубориза бар зидди "суроғаҳои резинӣ", ки дар онҳо чанидн нафарон ба қайд гирифта мешаванд, равона гардидааст. Аллакай дар давоми соли аввали ҷорӣ шудани қонуни мазкур шумораи "суроғаҳои резинӣ" то 66 маротиба кам шудааст.

Қаблан хабар дода шуд, ки ба қонунгузории Русия эҳтимолияти ворид шудани  иловаҳо вуҷуд дорад ва ба воситаи онҳо муҳоҷироне, ки  дар ҳудуди Русия  ҷойи кори доимӣ ва иҷозатномаи истиқоматӣ доранд,  метавонанд дигар аз депорт ҳарос надошта бошанд.

Лентаи хабарҳо
0