Мақоми аввали Фаррух Амонатов дар Озарбойҷон

© Sputnik / Михаил Фомичев / Гузариш ба медиабонкФаррух Амонатов шоҳмотбози тоҷик. Акс аз бойгонӣ
Фаррух Амонатов шоҳмотбози тоҷик. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар мусобиқаи байналмиллалӣ варзишгарони 9 кишвари ҷаҳон иштирок карданд. Шоҳмотбози маъруфи тоҷик рақиби худро аз Эрон шикаст дода соҳиби мақоми аввал гардид.

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Дар Озарбойҷон панҷумин мусобиқаи байналмиллалӣ баргузор гардид.

Сабқат аз рӯи низоми бозии шветсарӣ-9 давр дар 90 дақиқа + 30 сония барои ҳар гардиш сурат гирифт. Бозиҳо байни панҷ гурӯҳ- Group A (+2050), Group B (-2050), Group C (U14), Maral Cup (Women) ва Group D (Blitz) гузаронида шуд.

Дар мусобиқа 64 варзишгар аз Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон, Эрон, Қазоқистон, Ҳиндустон, Чехия ва Украина иштирок карданд.

Гроссмейстери тоҷик дар гурӯҳи A (+2050) бозӣ кард.

Шоҳмот. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҷоми АвруОсиё бори аввал дар таърих насиби гроссмейстери тоҷик гардид

Мувофиқи шартҳои бозӣ ғолибон аз рӯи холҳои бадастоварда муайян карда шуданд, дар сурати баробар будани холҳо нишондодҳои зерин: вохӯрии шахсӣ; шумораи ғолибият ба анзар гирифта шуд.

Аз рӯи натиҷаи 9 давр Фаррух Амонатов бо ба даст овардани 7 хол соҳиби мақоми аввал гардид. Холҳои намояндаи Эрон Эҳсон Маҳамӣ низ 7 то буда, ӯ бо дарназардошти имтиёзҳои иловагӣ ҷои дуюмро сазовор шуд. Ҷои сеюмро намояндаи Украина Андрей Суметс бо гирифтани 6,5 хол ба даст овард.

Ёдовар мешавем, ки ин ғолибияти аввалини Фаррух дар мусобиқаҳои байналмиллалии мавсимӣ  набуда, қаблан ӯ дар сабқати байналмиллалии 10-ум, ки ба ёддошти хотираи Георгий Агзамов бахшида шуда буд, иштирок карда, ҷои аввалро сазовор шуд. Ҳамчунин Фаррух Амонатов дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё  аз рӯи шоҳмот дар Қазоқистон ширкат карда, ҷои якумро аз худ кард.

Лентаи хабарҳо
0