Ба ҳалокат расидани сокини ноҳияи Рӯдакӣ аз дасти ҳамсоя

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкМошини пулис. Акс аз бойгонӣ
Мошини пулис. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пайи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 73-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, Т.Т., ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шуд.

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Сокини ноҳияи Рӯдакӣ марди 73 сола бо ҳамсояаш муноқиша намуда, дар натиҷа марди 67-солаи ҳамин ноҳияро ба ҳалокат расонидааст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти вазорати корҳои дохидии ҶТ.

"Номбурда, бинобар сабаби хусумат доштан бо ҳамсояаш, марди 67-сола С.Қ. муноқиша намуда,  бо бели дар дасташ буда, ба сари ҳамсояаш як маротиба зада, захмӣ намудааст. Дар натиҷа С.Қ. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ  бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст",-омадааст дар иттилоия.

Ҳамчунин ВКД-и ҷумҳурӣ аз ошкор гардидани боз як далели куштор хабар медиҳад.

Бино ба иттилои хадамот дар пайи гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, марди 38-солаи сокини шаҳри Душанбе А.Б, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шуд.

Номбурда, аз сабаби муноқишаи оилавӣ бо ҳамсараш, Н.Ш., зани 28-сола, ҷангу ҷанҷол карда, ӯро ба қатл расонидааст.

Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур парвандаи ҷиноӣ боз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0