“Биатлони танкӣ”: Қазоқистон мувофиқи натиҷаҳои серӯза ғолиб аст

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкДавраи интихобии биатлони танкӣ. Акс аз бойгонӣ
Давраи интихобии биатлони танкӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мувофиқи натиҷаҳои пешакии мусобиқа , дар ҷойи дуюм танкчиёни Русия қарор гирифтанд, сегонаи якумро бошад дастаи Ҳиндустон ҷамъбаст мекунад. Мубориза идома дорад.

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Пас аз сабқати серӯзаи "Биатлони танкӣ" натиҷаҳо муайян карда шуданд.

Ба гуфтаи ҳакамони асосии мусобиқа генерал-майор Евгений Поплавский дастаи танкчиёни қазоқистонӣ ба пеш баромаданд.

Танк дар майдони разм. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Рӯзи аввали “Биатлони танкӣ”: кӣ беҳтар?

"Мувофиқи натиҷаҳои сабқати серуза дар танкҳои Т-72Б-3 дастаи қувваҳои мусаллаҳи Қазоқистон аввалин шуда ба марра расид ва ҷойи якумро гирифт, ҷойи дуюмро танкчиёни рус ноил шуданд, мақоми сеюм-ба  ҳиндустониён насиб гардид. Мусобиқа ҳоло давом дорад, имрӯз 23 экипаж қувваи худро нишон медиҳад, "экватор" ва "гонок" тай мешаванд"- гуфтПоплавский.

Қаблан хабар дода шуд, ки дастаи Тоҷикистон мувофиқи натиҷаҳои рӯзи дуюм ба сегонаи беҳтаринҳо дохил шуда буд.

Дар доираи Бозиҳои байналмиллалии ҳарбӣ боз ду озмуни дигар "Устоҳои оташи артиллерия", "Сарҳади снайперӣ" (дар Қазоқистон баргузор мегардад) кушода шуданд- ҳамин тавр то имрӯз 17 озмун кушода шудааст ва то 6 август боз кушодашавии 6 озмуни дигар дар назар аст.

Бозиҳои байналмиллалии низомӣ 30 июл кушода шуданд. Сабқатҳо дар Русия ва Қазоқистон баргузор мегарданд ва то 13-уми август давом меёбанд.

Ҳамагӣ дар 23 мусобиқаи "АРМИ-2016" 121 даста аз 19 кишвари ҷаҳон иштирок мекунад. Аз ҳама дастаҳои зиёд аз Русия, Белорусия, Қазоқистон ва Чин мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0