ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Сарнишини ҳамопаймо, ки дар ҷангали Кузбасс ба суқут дучор шудааст, Исмоил В…буда, ӯ соҳиби таҷрибаи бузурги корӣ дар шароити кӯҳии Тоҷикистон будааст, иттилоъ медиҳад Лайф бо такя ба ҳамкори сарнишин.
Қайд мегардад, ки сарнишин наздики 15 сол дар шароити куҳии Тоҷикистон бидуни ҳеч гуна харита парвозҳо анҷом додааст.
"Дар кӯҳҳои мо дар Тоҷикистон бидуни харита хеле мушкил аст, вале дар ин ҷо вай дар Русия ҳатто харита ҳам бо худ дошт",-нақл мекунад ҳамкори Исмоил дар мусоҳиба бо Лайф.
Хабар дода мешавад, ки халабон мунтазам дар парвоз будааст ва доиман тайёраҳоро ба таъмир бурдан сарнишинӣ мекардааст.
Ҳавопаймои хусусӣ Ан-2, ки рӯзи якшанбе аз Бердска ба Красноярск парвоз мекард ба нуқтаи охирин нарасид. Тибқи маълумоти пешакӣ дар дохили ҳавопаймо се нафар қарор доштаанд. Рӯзи душанбе гурӯҳи кормандони наҷотдиҳандагони Сибир тариқи чархбол Ми-8 дар кӯҳҳои Абатова, ки дар масофаи 40 км дуртар аз деҳаи Крапивинский ҷойгир аст, ёфт шудааст. Ҳангоми ба ҷои ҳодиса ҳозир шудан онҳо дарёфтанд, ки ҳавопаймо сухта ва ҳамаи нафарони дар дохилаш қарор дошта ба ҳалокат расидаанд.
Муфаттишон аз рӯи ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз намуданд, иттилоъ медиҳад ёвари калони кумитаи тафтишотии Сибир Яна Стрижова.