Даргузашти шоир ва нависанда Фозил Искандар

© Sputnik / Владимир Вяткин / Гузариш ба медиабонкФозил Искандар. Акс аз бойгонӣ
Фозил Искандар. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шоир ва нависандаи рус Фозил Искандар дар синни 88-солагӣ дар шаҳри Маскав вафот кард. Машҳуртарин эҷодиётҳои ӯ-романи “Сандро аз Чегема”, “Инсон ва муҳити у”, “Қаҳромонии 13-уми Геракл”, ҳамчунин қиссаи «Харгуш ва мори печон» мебошанд.

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik.  Дар Маскав шоир ва нависандаи машҳури советӣ Фозил Искандар дар синни 88-солагӣ аз олам чашм пӯшид, хабар медихад РИА Новости бо истинод ба шабакаи  "Россия 24".

Фозил Искандар дар Сухуми ба дунё омада, дар  Маскав Донишгоҳи адабии ба номи А. М. Горкиро хатм намудааст. Вай ҳамчун шоир ва нависанда машхур гардидааст.

Эҷодиёти ӯ аз достонҳои  "Инсон ва муҳити у", "Қахромонии 13-уми Геракл",  "Софичка", "Шоир", "Харгуш ва мори печон",  "Оғоз" ва ғайраҳо иборат  мебошад.

Искандар ба ҷоизаҳои зиёди давлатӣ аз ҷумла мукофот "Барои хизмат ба Ватан" дараҷаи 2, Ҷоизаи давлатии Федератсияи Руссия ва  Мукофоти давлатии ИҶШС мукофотонида шудааст.  Дар кучаи Кастановский китобхона ба хотири ин шоиру нависандаи машҳур номгузорӣ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0