ВАО: “Толибон” ҷавобгарии такриш дар назди меҳмонхонаи Кобулро бар дӯш гирифт

Обуна шудан
Эҳтимол меравад, ки дар дохили меҳмонхонаи Northgate, ки дар пойтахти Афғонистон ҷойгир аст, шаҳрвандони хориҷӣ низ бошанд. Баъди инфиҷор, чор нафар ҷангӣ кушиши ҳамла ба биноро карданд.

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Мошини боркаш бо маводи тарканда дар назди меҳмонхонаи  Northgate-и Кобул нимаи шаби рӯзи якшанбе таркид ва баъди инфиҷор чор ҷангӣ ба бинои меҳмонхона ҳамла намуданд.

Гурӯҳи ҳаракати радикалии Толибон ҷавобгарии таркиш дар назди меҳмонхона дар Кобулро бар ӯҳда гирифтанд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба шабакаи TOLO News.

Эмомали Раҳмон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Эмомали Раҳмон ба мардуми Афғонистон изҳори ҳамдардӣ кард

Бино ба иттилои шабака, меҳмонхона дар наздикии биноҳои истиқоматӣ ҷойгир шудааст.  Ҷои ҳодиса таҳти назорат гирифта шудааст. Дар ҷои ҳодиса кормандони ҳифзи ҳуқуқи такшилотҳои хориҷӣ ҳузур доранд.

Авзоъи Афғонистон тайи моҳҳои охир ба таври куллӣ ноором шудаст. Ҳаракати радикалии "Толибон", ки қаблан қисми зиёди минтақаҳои аҳолинишинро ғасб карда буд, акнун ба шаҳрҳои бузург ҳуҷум мекунанд. Инчунин, дар ҳудуди ин кишвар таъсири гурӯҳи ҷиноии "Давлати исломӣ" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) зиёд шудааст.

Лентаи хабарҳо
0